Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси “Внешэкономбанк”

27 июли соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Раиси Ширкати давлатии “Бонки рушд ва фаъолияти иқтисоди хориҷӣ” (Внешэкономбанк) Игор Шувалов баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳо, имконияти маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси бахши қарздиҳӣ барои ширкатҳои тоҷикистонӣ ва ҳамчунин, ҷалби технологияҳо ва сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj