Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти ширкати олмонии «Текстима»

31 июли соли 2018 Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов ноиби президенти ширкати олмонии “Текстима” ҷаноби Бернд Вайдлих-ро ба ҳузур пазируфт.  

Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои ширкати мазкур бо корхонаҳои Тоҷикистон дар соҳаи нассоҷӣ ва имконияти сохтмони корхонаҳои коркарди нахи пахта табодули назар карданд. Ҷаноби Вайдлих омодагии ширкатро барои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон изҳор намуда, рушди соҳаи нассоҷиро дар асоси таҷрибаи бойи дарозмуддат дар минтақа муҳим арзёбӣ кард. Сафири Тоҷикистон аз ҷаноби Вайдлих даъват ба амал овард, ки дар Форуми соҳибкории Тоҷикистон, ки ҳамасола моҳи октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок варзад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj