Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Муовини якуми вазир бо Сафири Чин

7 августи соли 2018 мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Юе Бин доир гардид.

Дар мулоқот масоили мубрами густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин дар робита ба сафари расмии қарибулвуқуи Сарвазири Шӯрои давлатии Чин ҷаноби Ли Кэчян дар доираи Ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj