Тоҷикӣ | Русский | English  

Супоридани нусхаи Эътимоднома аз ҷониби Сафири Туркманистон

9 августи соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тогалаков Хемра қабул намуд.

Баъд аз супоридани нусхаи Эътимоднома мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири навтаъини Туркманистон баргузор гашт, ки дар он масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ муҳокима шуданд. Ҳамчунин, табодули афкор оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj