Тоҷикӣ | Русский | English  

Машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

29 августи соли 2018 мутобиқи Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холназаров Баҳром Маҳмадназарович ва Сардори Раёсати консулӣ ва ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кодиров Улфат Салохитдинович баргузор гардид.

Зимни машваратҳои консулӣ ҷонибҳо мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои ба самти фаъолияти консулӣ дахлдоштаро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, доир ба  иҷроиши конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии имзогардида мубодилаи афкор намуда, ба сатҳи иҷроиши онҳо қаноатмандӣ зоҳир карданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj