Тоҷикӣ | Русский | English  

Шавкат Мирзиёев Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатии Ӯзбекистон сарфароз гардонид

31 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» («Барои хизматҳои фидокорона») сарфароз гардонид.

Тақдими мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии ин кишвари дӯсту ҳамҷавор ба ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва мардумони тоҷику ӯзбек сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj