Тоҷикӣ | Русский | English  

Cупоридани Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса

31 августи соли 2018 дар Қасри Елисей Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло ба Президети Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон Эътимоднома супорид.  

Пас аз маросим,  суҳбати кӯтоҳ бо Президенти Фаронса анҷом дода шуд, ки зимни он, паём ва таманниёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Фаронса Эммануэл Макрон расонида шуд.

Дар рафти мулоқот аз сатҳи муносибатҳои кунунии Тоҷикистону Фаронса  мубодилаи афкор сурат гирифта, зарурати густариш намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни байни ду кишвар таъкид гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj