Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Ветнам

31 августи соли 2018 дар шаҳри Ханой Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Парвиз Давлатзода бо муовини Директори генералии Раёсати Европа ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ҷаноби Нгуен Ханг мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти вохӯрӣ Сафир паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куангу бахшида ба 73-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам тақдим намуд.

Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳои зичи минбаъда миёни кишварҳо бо мақсади рушди дӯстии анъанавии миёни Тоҷикистону Ветнам, ки ба руҳияи муносибатҳои тарафайни мардумони ду кишвар мувофиқ аст, изҳори хоҳиш зоҳир намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj