Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва тиҷорати Ветнам

30 августи соли 2018 дар шаҳри Ханой Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Парвиз Давлатзода бо Директори генералии Раёсати Европа ва Америкаи Вазорати саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ҷаноби Та Хонг Лин мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот, ки дар фазои анъанавии дӯстона ва созанда гузашт, ҷонибҳо оид ба масоили мубрами ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникии Тоҷикистону Ветнам ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд.

Вохӯрӣ мазкур зимни сафари Сафир Парвиз Давлатзода ба Ветнам ҷиҳати иштирок дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 73-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам баргузор шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj