Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохурӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 сентябри соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии  кормандони  Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ бо Муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафар бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Сайфулло Сафар зимни баромади табрикотии худ дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, нишондодҳои иқтисодии солҳои охир маълумот дод.

Дипломатҳои тоҷик якдилона  сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар пешбурд ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвари маҳбубамон нутқҳои пурмуҳтаво иброз доштанд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj