Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Теҳрон

4 сентябри соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Теҳрон чорабинӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури ҳамватанони муқими кишвари будубош, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷикистонӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт.

Ӯ дар бораи ин рӯйдоди бузург ва аҳамияти он дар сарнавишти мардуми тоҷик, дастовардҳои даврони соҳибихтиёрӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаву ҳадафҳои муҳим ва ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти кишвар сухан ронд.

Дар ҷашн наворҳои видеоӣ ва суруду оҳангҳои миллӣ пахш гардида, барои меҳмонон ғизоҳои миллӣ низ пешкаш карда шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj