Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе

6 сентябри соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе хонум Туула Юрёларо бинобар ба итмом расидани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Вазири корҳои хориҷӣ ба хонум Юрёла барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ баён намуда, умед бар он кард, ки ҷойгузини ӯ низ муносибатҳоро дар чунин сатҳи ҳамкорӣ идома хоҳад дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин ҳамкориҳоро дар се ченаки ҳамкорӣ бо САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj