Тоҷикӣ | Русский | English  

Бузургдошти Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар Қоҳира

5 сентябри 2018 дар яке меҳмонхонаҳои соҳили рӯди Нил дар Қоҳира ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ барпо гардид. Дар он маросим Муовини Вазири корҳои хориҷии Миср Холид Сарват, Нахуствазири собиқи кишвар Исом Шараф, аъзои парламент, ҷамъе аз сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими Қоҳира, намояндагони вазорату идораҳои гуногун, расонаҳо, аҳли илму фарҳанг ва бозаргонони кишвар ва гурӯҳе аз шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷики муқими Миср ҳузур доштанд.

Дар суханони шодбоши худ сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ зимни зикри муҳимтарин дастовардҳои кишвари мо, ки дар даврони Истиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масири худро ба сӯи таҳкими амну субот, пешрафти иқтисодӣ ва рафоҳи иҷтимоӣ идома хоҳад дод.

Бояд ёдовар шуд, ки 1 апрели соли ҷорӣ ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср 25 сол пур гардида, ба ин муносибати таърихӣ байни сарони ду кишвари дӯст мубодилаи паёмҳои табрикӣ сурат гирифт. Вале, бо вуҷуди ин, таърихи робитаҳо ва додуситад байни мардумони тоҷику мисрӣ ба чанд ҳазор сол пеш бармегардад, ки далели гӯёи ин гуфтаҳо кашфи лоҷварди Бадахшон дар зеваролоти фиръавнӣ мебошад.

Меҳмонони зиёфати расмӣ имкон доштанд, ки бо гӯшаи китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин маҷмӯаи расмҳои рассомони шинохтаи тоҷик Фаридун ва Фаррух Неъматзода, намунаҳои сӯзаниҳои тоҷикӣ ва нақшу нигори дигари миллӣ шинос шаванд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj