Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ

7 сентябри соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар сухани табрикии худ истиқлолиятро беҳтарин неъмат барои ҳар як давлату миллат хонда, онро заминаи боэътимод барои нақшофарӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ номид.

Сироҷиддин Муҳриддин махсусан таъкид намуд, ки аз баракати сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 27 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи шоистаро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Дар поёни сухани худ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин тамоми кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, дар раванди   пешбурди манфиатҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол муваффақият  таманно кард.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj