Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Н. Зоҳиди бо Раиси Шӯрои доимии САҲА Алессандро Аззони

10 сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшава зимни ҳошияи Вохурии  солонаи САҲА, ки аз ҷониби Дафтар оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ДИДҲИ),  баргузор гашт, вохӯрии Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо намояндаи САҲА (Италия) Раиси Шӯрои доимии САҲА Алессандро Аззони баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва ниҳодҳои он дар се самти ченаки фаъолияти  Созмон, мавқеи Тоҷикистон оид ба зарурати даровардани ислоҳот ба  қоидаҳо ва тартиби иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаласаҳои САҲА бо назардошти воқеияти имрӯза, инчунин барои боз ҳам беҳтар намудани ҷараёни татбиқи барнома ва лоиҳаҳои мавриди баррасӣ қарор доштаи идораи барномаҳои САҲА дар Душанбе, баррасӣ гардиданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj