Тоҷикӣ | Русский | English  

Нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Чин бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

10 сентябри соли 2018 ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода баргузор гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ Сафир роҷеъ ба натиҷаҳои асосии рушди Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, навовариҳои назаррас дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва дастовардҳо дар сиёсати хориҷии кишвар изҳори назар намуд.

Дар фарҷом Сафир ба саволҳои хабарнигорон вобаста ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба посух дод.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj