Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили Истиқлолияти Тоҷикистон дар Бишкек

7 сентябри соли 2018 дар шаҳри Бишкек аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии расмӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ ҳамчун меҳмони фахрӣ Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Д.Кемелова, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Қирғизистон, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарони ҷамъияту ташкилотҳои кишвари иқомат, аҳли илму фарҳанг, намояндагони диаспораи тоҷик ва ҳамватанон ширкат варзиданд.

Зимни суханронии худ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолият, миқёси гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ва ҳадафҳои стратегии он, инчунин роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Қирғизистон қайд намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj