Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии намояндагони Тоҷикистон дар иҷлоси панҷуми Ҷаласаи солонаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА

13 сентябри соли 2018 дар ш. Варшава ҳайати Тоҷикистон дар иҷлоси панҷуми Ҷаласаи солона роҷеъ ба баррасии иҷрои уҳдадориҳои марбут ба ченаки инсонии Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА суханронӣ намуд.

Дар иҷлосия, ки ба масъалаҳои таҳаммулпазирӣ ва адами табъиз, аз ҷумла мубориза бар зидди яҳудият, бе эътиноӣ ва табъиз дар дин ва ё эътиқоди зидди масеҳиён, мусулмонон  ва аъзои динҳои дигар бахшида шуда буд, Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ ва Муовини директори Маркази исломшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустам Азизӣ суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иқдомоти байналмилалӣ ва ҷаҳониро дар  робита ба муқовимат бар табъизи хусусияти динӣ ва зидди яҳудият дошта, дастгирӣ менамояд.

Инчунин ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди имконияти майдони суханронӣ ба ТЭТ ҲНИ, ки идеологияи он аз таблиғи нафрат ба дин, зуроварӣ дар асосҳои динӣ, зидди яҳудият сарчашма мегирад, изҳори нигаронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷонибҳои  манфиатдорро ба масоили ҷойдошта ҷалб намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj