Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

28 сентябри соли 2018 мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ баргузор гардид.

Зимни ин мулоқот ҷонибҳо доир ба сафари дарпешистодаи Сарпарасти кулли Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон ва мушовири Шӯрои подшоҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулло ибн Абдулазиз оли Рабиа инчунин оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Саудӣ табодули назар карданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj