2 октябри соли 2018 дар ш.Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суринам баргузор гардид.
Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Суринам Кордори Намояндагии доимии он кишвар дар СММ Китти Свиб ба имзо расониданд.