Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Президент бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷӣ Фуруя

5 октябр дар шаҳри Токиои Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷӣ Фуруя мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар мавриди барррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми назарраси Гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония дар рушду густариши муносибатҳои байни мақомоти қонунбарор ва таҳкими дигар бахшҳои ҳамкории дуҷониба, баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо аз вазъи имрӯзаи тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, муколамаи сиёсии байни давлатҳо, ки дар натиҷаи сафарҳои расмии сарони давлатҳо сатҳу сифати навро касб намуд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳар ду ҷониб зимни баррасии дурнамои робитаҳои байнипарлумонӣ, бо итминон иброз доштанд, ки Гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония минбаъд низ барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳо ва таъмиқи ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовар, саҳми арзанда мегузорад.  

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj