Тоҷикӣ | Русский | English  

Машваратҳои сиёсии дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

24 октябри соли 2018 Машваратҳои сиёсии дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Давлати Қатар зери роҳбарии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Низомиддин Зоҳидӣ  ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурейхӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.

Зимни машваратҳои дуҷониба ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ, ҳамкорӣ дар  чаҳорчӯби созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ, вазъ дар Афғонистон ва минтақа, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj