Тоҷикӣ | Русский | English  

Баррасии комёбиҳои иқтисодии Тоҷикистон дар Донишгоҳи бритониёӣ дар Миср

28 октябри 2018 сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бино ба даъвати раёсати Донишгоҳи бритониёӣ дар Миср дар муҳокимаҳои мизи гирде, ки “Қиссаҳои муваффақияти иқтисодҳои босуръат рушдкунандаи ҷаҳон”  ном дошт, ширкат кард. Ба ин ҳамоиш инчунин сафирони Сингапур, Португалия ва Мексика даъват шуда буданд.

Раиси Донишгоҳи бритониёӣ дар Миср проф. Аҳмад Ҳамад таъкид намуд, ки Сингапур, Португалия, Мексика ва Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки дар солҳои ахир ба рушди иқтисодии назаррас ноил шуданд. Ҳадафи мизи гирд муҳокима ва таҳлили чолишҳои муҳимтарини иқтисодӣ, баррасии имкониятҳо ва монеаҳо, пешниҳод намудани роҳи ҳалҳо ва шарҳи мувафаққияти кишварҳое буд, ки тавонистанд ба рушди босуръати иқтисодӣ ноил шаванд.

Сафири Тоҷикистон дар бораи сиёсати иқтисодии ҳукумати кишвари мо ва тадбирҳои андешидаи он ҷиҳати беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ, таъсис додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷонибдории  бахши  хусусӣ,  мусоидат  ба таъсиси  корхонаҳои  хурду  миёна ва ғайра, ки ҳамагӣ ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодии кишвари мо оварда, дар давоми даҳсолаи ахир рушди иқтисодии Тоҷикистонро ба мизони миёнгини 7 дарсад таъмин кард, суханронӣ намуд ва ба пурсишҳои устодону донишҷӯён посух дод.

Фаъолияти мизи гирд дар расонаҳои мисрӣ бозтоб шуд. Аз ҷумла дар мақолае, ки дар калонтарин рӯзномаи кишвар “ал-Аҳром” дар ин бора чоп гардид, омадааст: “... комёбиҳои Сингапур, Португалия, Мексика ва Тоҷикистон ба шарофати сиёсатҳои ҷиддӣ ва ислоҳоти тиҷорию иқтисодии ҷасурона аст. Ин амрест, ки пойгоҳи муҳиммеро ташкил медиҳад, ки онро бояд барои густариши уфуқҳои ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо он кишварҳо истифода бурд.”   

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj