Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб

30 октябри соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остона  доктор Муҳаммад Аҳмад ал-Ҷобирро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди ҳамкорӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, саноат, энергетика, алоқаи ҳавоӣ ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои болозикр таъкид намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj