Тоҷикӣ | Русский | English  

Шоми фарҳангии тоҷик дар ш.Боку

Санаи 30 октябри соли 2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар рафти баргузории чорабинии фарҳангӣ зиёда аз дусад нафар меҳмонон ҳузур доштанд. Аз ҷумла намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими ш.Боку, намояндагони зиёиён ва аҳли илму маорифи кишвари иқомат, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, инчунин вакилони Милли Меҷлис (Парлумон)-и Ҷумҳурии Озарбойҷон ва аъзоёни гуруҳи дӯстии Тоҷикистону Озарбойҷон, соҳибкорон, кормандони васоити ахбори омма ва ҳамватанони муқими Озарбойҷон иштирок намуданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ дар бораи дастовардҳои кишвар дар тӯли солҳои истиқлолият таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, нақши таърихии ӯ дар рушди давлатдории тоҷикон, инкишоф ва шукуфоии мероси фарҳангии тоҷикон, суханронӣ намуд.

Чорабинии мазкур бо мақсади дастгирии рушди ҳунарҳо ва ҳунармандони миллӣ, ки  тайи садсолаҳо дар самти истеҳсоли матоъ, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолин, нақшу нигори заргарӣ ва ғайра фаъолият намудаанд ва то имрӯз он анъанаҳои аҷдодии гузаштагони хешро идома дода истодаанд, бахшида шуда буд.

Дар ҳошияи ин чорабиниҳо, либоси миллии тоҷик аз қабили атлас, адрас, чакан, гулдӯзӣ, сузанӣ, кундал, асбобҳои гуногуни мусиқии мардумӣ, суруду оҳангҳои гуногунжанр ва маъруфу машҳури тоҷикӣ, ва хӯрокҳои гуногуни миллӣ, инчунин иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.


 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj