Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон

31 октябри соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири навтаъйиншудаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Инам Каримов доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи агросаноати, инчунин рушди минбаъдаи онро ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба табодули таҷриба дар он соҳа ва имконияти таъсиси корхонаҳои муштаракро дар қаламрави кишварҳои якдигар муҳокима намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj