Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар нишасти 11-уми Форуми Корея ва Осиёи марказӣ

Рӯзҳои 6-7 ноябри соли 2018 дар Сеул 11-умин ҷаласаи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Миёна баргузор гардид. Дар кори Форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи форум, роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ ҳавасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рушди ҳамкориҳои  гуногунҷабҳа, истифодаи иқтидори он ва инчунин табдилёбии минтақаи мо ба фазои дӯстӣ, дастгирии тарафайн ва рушди устувор изҳор намуд.

Ӯ инчунин роҷеъ ба аҳамияти истифодаи босамари захираҳои об дар минтақа ва зарурати истифодаи платформаҳо ва имкониятҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 барои ҳалли масъалаҳои обӣ ва ноилгардии Ҳадафҳои рушди устуворро таъкид намуд.

Султон Рахимзода  ба таваҷҷуҳи  иштирокчиёни Форуми мазкур захираҳои бой ва имкониятҳои Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилиҳои обӣ-энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ манзур намуд.

Дар доираи Форум нақшаи кори Котиботи Форум барои соли 2019 қабул шуд ва инчунин тағйирот ба Оинномаи Котиботи Форуми ҳамкориҳои Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Миёна ворид гардид.

Дар рафти ҷаласаҳои соҳавии Форум мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла истифодаи босамари захираҳои об, диди Сиёсати нави Шимолӣ ва самтҳои рушди робитаҳои кишварҳои Осиёи Миёна ва Ҷумҳурии Корея матраҳ гардиданд. Дар чаҳорчубаи Форум инчунин озмоиши «Хакатон» барои беҳтарин бизнес-идея байни соҳибкорони кишварҳои Осиёи Миёна ва Ҷумҳурии Корея доир гардид.

Дар фарҷоми Форум изҳороти санади ниҳоии 11-умин ҷаласаи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Миёна қабул гардид.

Дар ҳошияи Форум мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Фонди кореягӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷаноби Ли Ши Хёнг ва иҷрокунандаи вазифаи Директори Котиботи Форум ҷаноби Ким Сонг Ин доир гардид. Зимни он масъалаҳои минбаъдаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея  дар доираи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Миёна муҳокима гардиданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи Форум вохӯрии Сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ардашер Қодирӣ бо Директори генералии Дафтар оид ба масъалаҳои аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея  ҷаноби Джанг Ки Хонг доир гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди  рушди робитаҳои Тоҷикистону Корея дар арсаҳои мухталиф ва ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва форумҳо муҳокима гардиданд. Табодули афкор оид ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj