Тоҷикӣ | Русский | English  

7-мин ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 29 ноябри соли 2018 дар бинои Парлумони Аврупо дар ш. Брюссел ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳти роҳбарии Шариф Раҳимзода - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ва ҷониби Иттиҳоди Аврупоро ҳайати вакилони Парлумони Аврупо таҳти роҳбарии Ивета Григуле –Петерс, роҳбари ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ  намояндагӣ карданд.

Зимни иҷлосия масъалаҳои марбут ба ҳадафҳои авлавиятноки Стратегияи миллии рушд то 2030, вазъи сиёсӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ, ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо,  ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, вазъи маъюбон дар ҷомеа, волоияти қонун ва Стратегияи ИА нисбат ба Осиёи Марказӣ мавриди баррасии ширкаткунандагон қарор гирифтанд.

Таваҷҷӯҳи хоса ба масъалаҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди мубориза бо терроризм, экстремизм, вазъият  дар Афғонистон ва нақши Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати мусоидат ба рушди кишвари мазкур иброз шуд.

Ҷонибҳо мавзуоти роҷеъ ба рушди кишоварзӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зистро низ мавриди муҳокима қарор доданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj