Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи тасаллият ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари реҳлати собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷорҷ Герберт Уокер Буш боиси андуҳи мо гардид.  

Марҳум бо фаъолияти сермаҳсули худ дар маснади олии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим соҳиби иззату эҳтироми шаҳрвандони кишвар гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта обруву эътибори баланд дошт.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз менамоям».

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj