Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими ба кор даровардани агрегати якуми НБО “Роғун” ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон

29 ноябри соли 2018 дар бинои нави Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими ба кор даровардани агрегати якуми НБО “Роғун” ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарони мақомотҳои давлатӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ходимони ҷамъиятии вилояти Бадахшон, хабарнигори радиои маҳаллии “Ому”, инчунин як гурӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Бадахшон ва Тахори Афғонистон иқомату кор мекунанд ҳузур доштанд.

Чорабинӣ 30 ноябр аз тариқи радиои “Ому”-и вилояти Бадахшон ва рӯзномаҳои маҳаллӣ расонаӣ гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj