Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии асбобҳои мусиқӣ ва дуюмин Форуми байналмилалии муколамаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ

Рӯзҳои 1-2-юми декабри соли ҷорӣ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии асбобҳои мусиқӣ ва дуюмин Форуми байналмилалии муколамаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, ки дар мавзеи сайёҳии “Экспо-парки хонаҳои қадима”-и шаҳри Бенгбу, музофоти Анхой доир гардиданд, иштирок ва суханронӣ намуд. 

 Сафир П. Давлатзода дар суханронии хеш аз фарҳанги пурғановат, санъату ҳунари волои мардуми тоҷик, рушду пешрафти иқтисоди кишвар сухан ронда, вобаста ба рушди бомароми ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистон дар соҳаи тиҷорату фарҳанг ва имконоту фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маълумот дод.

Дар доираи сафари мазкур мулоқоти Сафир бо аъзои Шӯрои мардумии машварати сиёсӣ, Раиси Иттиҳодияи Санҷианг ва Роҳбари “Экспо-парки хонаҳои қадима” Ма Гуосианг ва муовини Раиси шаҳри Бенгбу хонум Ҷанг Сиаоҷинг, баргузор гардида, масъалаи бунёди хонаи тоҷикӣ дар Бенбу матраҳ карда шуд.

Ҳамчунин, санаи 2-юми декабр, дар доираи ҳарду ҳамоиш бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ қабул шудани Чакан намоиши мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва маҳсули ҳунарҳои дастии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Сафир Парвиз Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Бенгбу хонум Ҷанг Сиаоҷинг, аъзои Шӯрои мардумии машварати сиёсии Чин Ма Гуосианг, Сафири Озарбойҷон дар Чин Акрам Зайналӣ бо гузоштани имзо дар лавҳаи идона намоишро оғоз бахшиданд.

Дар ин намоиш беш аз 30 акс, ки бахшҳои таърихию фарҳангӣ, манзараҳои тамошобоби кишвар, расму оин, ҳаёти имрӯзаи мардуми кишвари моро инъикос мекунанд ва сару либоси миллӣ, маҳсули ҳунарҳои дастӣ ба монанди гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Намояндагони сохторҳои давлатии шаҳри Бенгбу, намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони Намоишгоҳи байналмилалии асбобҳои мусиқӣ ва дуюмин Форуми байналмилалии муколамаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, намояндагони васоити ахбори омма дар чорабинӣ иштирок карданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj