Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо вакилони Бундестаги Олмон

29 ноябри соли 2018 дар Бундестаги Олмон мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии Олмону Осиёи Марказӣ дар Бундестаги Олмон Манфред Грунд ва вакилони ин гурӯҳ баргузор гардид.

Зимни мулоқот дар баробари баррасии сатҳи кунунии робитаҳои Тоҷикистону Олмон, ҳамчунин таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, дар самти туризм ва муҳити зист, инчунин тақвияти ҳамоишҳои вакилони парлумони ҳар ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳамкории зич ҷиҳати муаррифии бештари зарфиятҳои иқтисодиву сайёҳии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷалби таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ба паёмадҳои тағйирёбиии иқлим дар Осиёи Марказӣ иқдом намуда, бо баргузории ҳамоишҳои иқтисодӣ дар ҳавзаҳои вакилон, ворид сохтани Тоҷикистон ба барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва табодули таҷриба миёни вакилони ҳар ду кишвар аз чораҳои мушаххас кор гиранд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj