Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷашни Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии нафтии техникии ш.Уфа

Санаи 17-22 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии нафтии техникии ш.Уфа бо ташаббуси Консулгарии генералӣ Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ баргузор гардид.

Дар маросими ҳафтаи фарҳангӣ ва ҷашни парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа, роҳбарият ва устодони Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа, инчунин устодон ва донишҷуёни Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Уфа ва Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон иштирок намуданд.

Дар қисмати расмии баргузории ҳафтаи фарҳангӣ ва ҷашни рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон Баулин О.А.-муовини Ректор, Чанышев Н.Т.-сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, Гаитов А.Ф.- ёрдамчии Ректор ва Эмом С.Д.- Консули генералӣ суханронӣ намуданд.

Дар баромади худ, Консули генералӣ Эмом С.Д. дар бораи сиёсати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон бурда мешавад маълумот дода, инчунин дар идомаи баромадаш оиди дастовардҳои даврони Истиқлолият бахусус оид ба сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ва ба кор даровардани чархаи аввалини ин иншооти бузурги аср суханронӣ намуд.

Баъдан аз руи барнома донишҷуёни Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа ба саҳми иштирокчиён дар бораи таърихи тоҷикон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар замони истиқлолият, Парчами Давлатӣ ва ёдгориҳои таърихии ҷумҳурӣ, ки ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид гардидаанд, бо филмҳои ҳуҷҷатӣ маълумоти муфассал доданд.

Дар маросими мазкур мероси бойи аҷдодонамон намунаи асарҳои косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оиди таърих ва фарҳанги мардуми Тоҷикистон, маводҳои таблиғотӣ доир ба муаррифии соҳаи сайёҳии кишварамон ба  иштирокчиён пешкаш гардид.

Ҳамчунин дар доираи ин чорабинӣ ба муносибати ҷашни Парчами давлатӣ ва кушодашавии агрегати аввали Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Уфа таҳсил менамоянд мусобиқаи футбол баргузор гардида, ба ғолибони мусобиқа ҷоизаҳо ва  ба донишҷуёне, ки дар баргузории ҳафтаи фарҳанг ва ҷашни парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд, аз ҷониби Донишгоҳи давлатии нафтии техникии Уфа грамотаҳои фахрӣ тақдим карда шуд.  

Дар фарҷоми барномаи ҳафтаи фарҳангӣ ва ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ки дар шаҳри Уфа фаъолият доранд, ба меҳмонон ва донишҷӯён зиёфати идона иборат аз таомҳои миллии тоҷикӣ пешкаш карда шуд. 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj