4 декабри соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия (бо иқоматгоҳ дар ш.Париж) Ҷамолиддин Убайдулло нусхаи Эътимодномаи худро ба Муовини сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия Стефано Занини супорид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуда, баргузории нахустин Машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италияро, ки қаблан дар ш.Душанбе доир гардида буд, руйдоди муҳим дар ҳамкориҳои тарафайн маьнидод намуданд.
Стефано Занини Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ барои амалӣ намудани рисолати дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.