Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мулоқоти сатҳи баланд оид ба кишварҳои даромадашон миёна

4 декабри соли 2018 дар қароргоҳи СММ дар ш. Ню Йорк Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода  дар Мулоқоти сатҳи баланд ҷиҳати баррасии мушкилиҳои кишварҳои даромадашон миёна дар амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ширкат ва суханронӣ намуд.

Т. Ҷӯразода зимни суханронии худ қайд кард, ки дар давоми 15 соли охир, Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст. Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра ду стратегияи коҳиши камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009, 2010-2012 ва Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қабул гардидаанд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки бинобар гузаронидани ислоҳот ва татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои дахлдор, Тоҷикистон ба пешравии назаррас дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 81% то 30,3% ноил гардидааст. 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj