Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Сафир дар “Намоиши воридотии Чини Марказӣ (Чанша) 2018”

Рӯзи 5-уми декабри соли 2018 Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар “Намоиши воридотии Чини Марказӣ (Чанша) 2018” иштирок кард ва дар доираи он бо Муовини губернатори музофоти Хунан ҷаноби Хи Баосинанг мулоқот намуд.

Сафир П. Давлатзода дар маросими ифтитоҳии намоиш суханронӣ намуда, ба ҳозирин оид ба имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. П. Давлатзода аз иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар Намоиши якумини байналмилалии воридотии Чин дар соли ҷорӣ ёдовар шуда, аҳамияти рушд ва афзун намудани имкониятҳои содиротии Тоҷикистонро барои ворид шудан ба бозори Чин таъкид намуд.

Дар доираи чорабинӣ инчунин Форуми воридотии тиҷоратӣ ва мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо роҳбарияти ҳукумати мардумии музофоти Хунан ва шаҳри Чанша, намояндагони мақомоти давлатии шаҳри Чанша, намояндагони корпуси дипломатӣ ва доираи соҳибкорони чиниву хориҷӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

“Намоиши воридотии Чини Марказӣ (Чанша) 2018” дар минтақаи марказии Чин калонтарин намоиши воридотӣ буда, барои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ майдони муносиб ба шумор меравад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj