Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии  Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари рух додани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои ғарбии Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокату маҷруҳ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, моро сахт андӯҳгин намуд.

Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон бирасонед. Ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон шифои комил орзумандам».




© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj