Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Тоҷикистон дар ҷашнвораи байналмилалии “Баҳори Давҳа”

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар иттилоъ доданд, аз 21 декабри соли 2018 дар пойтахти Қатар ҷашнвораи байналмилалии фолклорию фарҳангии “Баҳори Давҳа” бо иштироки гурӯҳҳои ҳунарӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон оғоз гардид.

Кишвари моро дар ин ҷашнвора театр-студияи “Падида” таҳти раҳбарии Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофат Рашидова муаррифӣ мекунад. Гурӯҳи “Падида” то 4 январи соли 2019 дар шаҳри Давҳа барномаҳои ҷолиби рақсию мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш хоҳад гузошт.

 Аз ин ҷашнвора, ки ҳадафи он рушди робитаҳои байналмилалӣ ва таблиғи ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии кишварҳои ҷаҳон мебошад, ҳамарӯза ҳазорҳо сокинони Давлати Қатар ва сайёҳони хориҷӣ боздид менамоянд.     






© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj