Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо Вазири корҳои исломии Саудӣ

25 декабр Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Вазири корҳои исломӣ, даъват ва роҳнамоии мамлакат доктор Абдуллатиф ибни Абдулазиз оли Шайх мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвари дӯст доир ба робитаҳои динию эътиқодӣ, тарғиби исломи муътадилу васатӣ, пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва муқовимат бо фаъолиятҳои террористӣ  баррасӣ шуд.

Ҳарду ҷониб омодагии устувор ва ҳавасмандии худро доир ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои матлуб таъкид доштанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj