Тоҷикӣ | Русский | English  

Супоридани Эътимоднома ба Императори Япония

26 декабри 2018 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов Эътимодномаи худро ба Императори Япония Волоҳазрат Акихито супорид.

Дар оғози маросими супоридани Эътимоднома Император Акихито Сафирро ба муносибати таъйин гардиданаш муборакбод карда, дар иҷрои вазифаҳои рисолати дипломатӣ муваффақиятҳо орзу кард. Сафири Тоҷикистон паёми гарм ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Волоҳазрат расонид.

Пас аз супоридани Эътимоднома миёни Император ва Сафир сӯҳбати кутоҳе баргузор шуд, ки дар он оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония дар партави тааҳҳудоти дар рафти сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Япония дар моҳи октябри соли ҷорӣ  ба даст омада мубодилаи афкор сурат гирифт.

Бо истифода аз фурсат, Императори Япония паёми гарм ва беҳтарин таманниёти худро ба Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон фиристод.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj