Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо сармуҳаррирони васоити ахбори оммаи бонуфузи ҷамъиятӣ-сиёсии Чин

27 декабри соли 2018 дар шаҳри Пекин вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо сармуҳаррирони васоити ахбори омма ва агентиҳои иттилоотии бонуфузи Чин доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати 40-умин солгарди ҷашнии татбиқи сиёсати ислоҳот ва кушодашавии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва фарорасии Соли Нави 2019 табрик намуда, онҳоро мухтасаран бо ҳолат ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба шинос намуд.

Сафир ба афзалиятҳои Тоҷикистон барои соли 2019-2021, муқаррароти асосии Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, таваҷҷуҳи хоса намуд.

Дар ин робита Парвиз Давлатзода ба ҳозирин дар бораи 20 декабри соли 2018 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома таҳти унвони "Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал" Об барои рушди устувор " 2018-2028", саршавии раисии Тоҷикистон дар Машварат оид ба ҳамкорӣ ва боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ва омодагӣ ба Ҳамоиши панҷуми сарони давлатҳои Форуми мазкур, ки ба ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзо ҷиҳати пешбурди равандҳои МҲТБО барои Осиёи боамн тавассути амнияти умумӣ, ҳамаҷониба ва устувор дар асоси тафоҳуми мутақобила мусоидат хоҳад кард,  иттилоъ дод.

Дар навбати худ намояндагони васоити ахбори оммаи Чин дар бораи хусусиятҳои сиёсати иттилоотии кишвар ва самтҳои афзалияти фаъолияти худ сухан гуфтанд. Пешниҳод гардид, ки ҳамкориҳо бо васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар қисмати эълону паҳнкунии иттилоот дар бораи чорабиниҳои барои намояндагони доираи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва коршиносони Тоҷикистон ва Чин муҳим тавсеа ёбад, воситаи боэътимоди табодули тарафайни иттилоот истиқрор гардад, инчунин таҷрибаи баргузор намудани пресс-турҳои мутақобила дар мавзӯъҳои мухталиф давом дода шавад.

Оид ба натиҷаи чорабинӣ иштироккунандагони он ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳои созандаро ҳангоми инъикоси рӯйдодҳои ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб  идома медиҳанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj