Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир дар Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт

27 декабри соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саъид баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, махсусан дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ гардида, перомуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо дарназардошти манфиатҳои байналмилалӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.

Ҳамчунин ҷонибҳо зарурати табодули сафарҳои сатҳи баланду олиро таъкид карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj