Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков

27 декабри соли 2018 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков вохӯрӣ намуд.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, табодули афкор ҷиҳати ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро доир ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар  соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн таъкид доштанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj