Тоҷикӣ | Русский | English  

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, сарони ду давлат ба муносибати фарорасии Соли нав табодули табрикоти самимӣ намуданд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, аз ҷараёни рушди муносибатҳои ҳарду давлат дар самти шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сарони давлатҳо зарурати идома додани ҳамкории муштаракро оид ба пешбурди минбаъдаи шарикии созанда ба манфиати умумии ҳарду кишвар ва тамоми минтақа таъкид карданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳои нав, инчунин ба мардуми дӯсти Қазоқистон сулҳ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда таманно намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj