Тоҷикӣ | Русский | English  

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

29 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои дӯстонаи барои муносибатҳои мутақобилаи ҷонибҳо хос сурат гирифт, сарони давлатҳо ба муносибати Соли нави 2019 табодули табрикот ва таманниёти нек намуданд.

Пешвои миллат ба мардуми дӯсти Россия дар фарорасии соли нав сулҳ, бурдборӣ ва шукуфоии минбаъда таманно намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси шахсии Владимир Путинро дар рушду таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ зикр намуданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти муштараки минбаъдаи мақсаддор дар самти таҳкими он ба манфиатҳои бунёдии халқҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ буда, омили муҳими суботу амният дар минтақа мебошад.

Ҷонибҳо доир ба минбаъд низ нигоҳ доштани ҷараёни баланди рушди ҳамгироии Тоҷикистону Россия дар ҳама ҷанбаҳои ҳамкорӣ ибрози андеша намуданд.  

Ҷонибҳо доир ба як қатор масъалаҳои муҳими дорои хусусияти дуҷониба ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj