Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо Роҳбари Маркази имдоди Шоҳ Салмон

30 декабр Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Сарпарасти умумии Маркази Шоҳ Салмон доир ба кумакҳои фаврӣ ва корҳои башардӯстона доктор Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Ал-Рабиъа мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо маркази мазкур баррасӣ шуд.

Мусоҳибон аз ҳамкории мавҷудаи марказ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон изҳори қаноат карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои густариши ҳамкорӣ ҳанӯз хеле зиёд аст ва аз он, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ва дигар бахшҳои муҳим бояд истифода намуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj