Тоҷикӣ | Русский | English  

Дидори сафири Тоҷикистон бо устондори Ҷануби Сино

31 декабри 2018 дар Шармушшайх устондори Ҷануби Сино генерал - майор Холид Фуда дар дафтари кории худ сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба муносибати анҷом ёфтани нахустин парвози мустақими чартерӣ аз Душанбе ба Шармушшайх ба ҳузур пазируфт.

Устондори Ҷануби Сино бо истиқбол аз нахустин парвози мустақими чартерӣ аз Душанбе ба Шармушшайх, изҳори умедворӣ намуд, ки он парвозҳо идома ёфта, дар ояндаи наздик теъдоди онҳо афзояд. Дар мулоқот инчунин мавзӯи барқарор намудани муносибтаҳои ҳамкорӣ байни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва устони Ҷануби Синои Миср баррасӣ шуд.

Дар поёни мулоқот мусоҳибаи телевизионии муштараки устондори Ҷануби Сино ва сафири Тоҷикистон бо шабакаи моҳворавии телевизионии CBC Extra News сурат гирифта, дар он мусоҳиба ҳар ду ҷониб ба аҳаммияти густариши ҳамкории ду кишвари дӯст дар соҳаи гардишгарӣ таъкид намуданд. Хабари анҷом ёфтани нахустин парвози мустақими чартерӣ ва омадани аввалин гурӯҳи гардишгарони тоҷик аз Душанбе ба Шармушшайх дар расонаҳои мисрӣ ба таври густурда бозтоб ёфт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj