Тоҷикӣ | Русский | English  

Супоридани нуcхаи Эътимоднома

7 январи 2019 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдзода Зубайдулло Наҷот нусхаи Эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии он кишвар ҷаноби Муҳаммад Алӣ ал-Ҳаким супорид.

Баъд аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти ҷонибҳо сурат гирифт, ки зимни он маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф махсусан арсаҳои иқтисод, тиҷорат, саёҳат, фарҳанг, мубориза бо терроризму экстремизм ва баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифта, бар зарурати табодули сафарҳои ҳайатҳои расмӣ дар сатҳҳои мухталиф таъкид гардид.

Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ироқ Сафирро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мансаб табрику таҳният намуда, дар фаъолияти ояндааш баҳри густариши муносибатҳои Тоҷикистону Ироқ комёбиҳо таманно намуд.

Сафир паёми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳамтои ироқиаш расонид.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj