Тоҷикӣ | Русский | English  

Mулоқоти Сафир бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)

Дар таърихи 18 январи  соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) Сума Чакрабарти баргузор гардид.

Зимни мулоқот мавзӯъҳо роҷеъ ба дастгирии лоиҳаҳои авлавиятноки бахши энергетика, муътадилгардонии вазъи макроиқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, рушд ва тавсеаи инфрасохтори шаҳри Душанбе, ҳадафи нави стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии кишвар, эълон намудани давраи 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дигар мавзуъҳои ҷолиби ҳамкорӣ, баррасӣ гардиданд.

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ташкилоти молиявии байналмилалӣ буда, Намояндагии доимии худро соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додааст ва ҳамчун  яке аз шарикони калидӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj