Тоҷикӣ | Русский | English  

Муаррифии молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар Хонаи савдои “Як камарбанд, як роҳ”-и Чин

Аз 16 то 18 январи соли 2019 дар шаҳри Сиани музофоти Шансии Чин Форуми байналмилалии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва маросими ифтитоҳи Хонаи савдои “Як камарбанд, як роҳ” доир гарди

Дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои ҳавзаи Роҳи бузурги абрешим дар шаҳри Сиан намояндагони  сохторҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои хориҷӣ, ҳайати бонуфӯзи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии аъзои Шӯрои доимӣ, муовини Раиси шаҳри Сиан ҷаноби Гао Гао ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони чинӣ, мушовирони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ  иштирок намуданд.  

 Сафорати Тоҷикистон дар Чин бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Форуми соҳибкоронии Душанбе- 2018 баён доштанд, баргузории ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар Чинро яке аз фурсатҳои беҳтарин ҷиҳати муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ намуда, дар Хонаи савдои “Як камарбанд, як роҳ” гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод.

Дар Хонаи савдои “Як камарбанд, як роҳ”-и шаҳри Сиан маҳсулоти ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати ороишии сангҳои қиматбаҳо ва меваҷоти хушк, аз қабили  ширкатҳои “Rukhom”, “Isfarafood”, “Afsar”, “Visol Isfara”, “Barakati Isfara” LLC ва “Golden Fruit”, ки  бо дастгирии ҶДММ “Ширкати машваратӣ- сармоягузории Кабир Тиҷорат Гурӯҳ” аз Душанбе ба Сиан дастрас гардидаанд, муаррифӣ шуданд.

Дар доираи форуми болозикр ва ифтитоҳи Хонаи савдои “Як камарбанд, як роҳ”-и шаҳри Сиан миёни Ширкати истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноати ороишии сангҳои қиматбаҳо “Rukhom”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии Xian Financial Holdings Co., LTD ҷиҳати ба роҳ мондани савдои фаромарзӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj